Вазорати энергетика ва захираҳои об бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз – зеботарин ва пурҷилотарин ҷашни ниёгонамон, ки ҳамчун рамзи ваҳдату шукуфоӣ, нишот ва баракат аз даврони бостон то ба рӯзгори мо расидааст, сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро шодбош менамояд.
Муҷиби ифтихори мост, ки эҳёи ҷашни Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ном ва кору пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва миллати мо меросбари ҳақиқии ин ҷашн ва дар асл миллати Наврӯз аст.
Маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ Ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва оини муқаддаси ниёгон мазмуну шукӯҳи тоза касб кард. Ин аст, ки Ҷашни Наврӯз ҳамасола дар сарзамини биҳиштосои мо дар фазои мубораки истиқлолу ваҳдати миллӣ бо самимияти хосса ва шукргузории том таҷлил мегардад.
Пешниҳоди навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ садо дод, бори дигар муҳри тасдиқи таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон, мебошад.
Имрӯз, дар шароити ҷаҳони муосир, ки инсоният бо чолишҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯст, арзишҳои созандаи Наврӯз метавонанд ҳамчун пояи муҳими таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор хизмат намоянд.
Дар ин айёми пурнишот, моро зарур аст, ки бо эҳсоси баланди масъулият суннатҳои неки ниёгонро ҳифз намуда, онҳоро бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ гардонем ва ба наслҳои оянда ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ ба ёдгор гузорем. Ҳамчунин, бо заҳмати софдилона, ваҳдати миллӣ ва саъю кӯшиши муштарак дар роҳи ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузорем.
Ба ифтихори ин санаи фархунда ба кули ҳамватанон саломатии бардавом, рӯзгори обод, хонаи пурфайзу баракат, файзу нусрат орзу менамоем.
Бигзор Наврӯзи оламафрӯз ба ҳар як хонадон нуру сафо, гармиву муҳаббат ва ризқу рӯзии фаровон оварад!
Наврӯзи хуҷастапай муборак бод!
@mewrtj












