Муҳтарам кормандони соҳаи об,
Собиқадорони соҳа!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об, ки ҳамасола 22-юми март дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, самимона шодбош гуфта, бароятон тандурустӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти кориатон фатҳи уфуқҳои навро таманно дорам.
Воқеан, ин рӯз моро водор месозад, ки ба арзиши беандозаи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт ва неъмати бебаҳои табиат боз ҳам бештар таваҷҷуҳ намоем.
Имрӯз дар шароити тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ ва рушди босуръати иқтисодӣ масъалаи об ба яке аз муҳимтарин масъалаҳои амнияти глобалӣ табдил ёфтааст. Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, беш аз 2,2 миллиард нафар дар ҷаҳон ба оби бехатари ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва дар бисёр минтақаҳо норасоии об метавонад ба рушди иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ ва суботи иҷтимоӣ таъсири ҷиддӣ расонад.
Дар чунин шароит идоракунии самаранок, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ унсури муҳими рушди устувор маҳсуб меёбад.
Боиси ифтихори мост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги обӣ дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии соҳаи об нақши фаъол дорад. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо ҳамчун ташаббускори муҳим дар масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Дар давоми ду даҳсолаи охир Тоҷикистон бо пешниҳоди як қатор ташаббусҳои байналмилалӣ тавонист таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои идоракунии устувори захираҳои об ҷалб намояд. Аз ҷумла, Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028) заминаи муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самтро фароҳам оварданд.
Дар баробари ин, бо ташаббуси Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ Соли ҳифзи пиряхҳо (2025) ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардиданд, ки ин иқдом аҳамияти махсус дорад. Зеро пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии ташаккули захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши калидӣ мебозанд ва обшавии босуръати онҳо дар натиҷаи тағйирёбии иқлим метавонад ба тавозуни гидрологӣ ва таъмини устувории захираҳои об дар минтақа таъсири ҷиддӣ расонад.
Моҳи майи соли 2026 дар кишвар доираи Раванди оби Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» баргузор мегардад.
Конфронси мазкур ҳамчун платформаи муҳими муколама барои таҳкими ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии соҳаи об хизмат хоҳад кард.
Мо ифтихор дорем, ки дар натиҷаи ин иқдомҳо соли 2028 Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об хоҳад буд.
Дар доираи ин чорабинии муҳими байналмилалӣ, масъалаҳои иҷрои пурраи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баррасӣ мегарданд, ки саҳми Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти обии ҷаҳон боз ҳам бештар муаррифӣ менамояд.
Дар баробари ташаббусҳои байналмилалӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ низ сиёсати пайгиронаи рушди устувори соҳаи обро амалӣ менамояд. Қабули Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қадами муҳим дар роҳи такмили идоракунии захираҳои об ба ҳисоб меравад. Ин санад самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи об, аз ҷумла идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таъмини амнияти обиро муайян менамояд.
Татбиқи Стратегия ба ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии кишвар оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар соҳаи об ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид нигаронида шудааст.
Ҳамзамон, татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ба таҳкими заминаҳои институтсионалӣ, такмили идоракунии соҳа ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунии захираҳои об мусоидат намуд.
Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва тағйирёбии иқлим, зарурати ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ бештар эҳсос мешавад.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо ҳисси масъулият ба масъалаи об муносибат намуда, истифодаи самараноки онро таъмин созем.
Дар охир бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, муҳаққиқон, муҳандисон, ходимони соҳаи обу энергетика ва ҳамаи онҳое, ки барои рушди устувори захираҳои обӣ саҳм мегузоранд, самимона ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об табрикот менамоям.
Бигзор об ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ ва рушд ҳамеша поку фаровон бошад ва ба шукуфоии Ватани азизамон мусоидат намояд!
Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об муборак бод!












