09-уми апрели соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Гурбуз Гонул, Директор оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳо ва шарикии Агентии байналмилалии манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) вохӯрӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо перомуни самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБЭ) ва иқдомҳои муштарак барои тақвияти иқтидорҳои энергетикӣ табодули афкор намуданд.
Намояндагони IRENA ҳадафҳои стратегии Агентиро барои гузариш ба энергетикаи «сабз» муаррифӣ карда, зикр намуданд, ки то соли 2030 ҳадафи афзоиши иқтидори ҷаҳонии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба 11,2 тераватт (ТВт) дар назар аст.
Иброз гашт, ки моҳи июни соли 2024 Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора ба Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст. Ин иқдом заминаи мусоид барои тақвияти савдои минтақавии неруи барқ, баланд бардоштани самаранокии шабакаҳо ва таъмини устувории энергетикиро фароҳам овард. Чунин ҳамгироӣ ба манфиати ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ арзёбӣ мегардад.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия баён доштанд.
















