(Тоҷикӣ) МАҲФИЛИ “НУРОФАРОН” : БАРДОШТ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ИБРАТБАХШИ БАҲРОМ СИРОҶЕВ

МАҲФИЛИ “НУРОФАРОН” : БАРДОШТ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ИБРАТБАХШИ БАҲРОМ СИРОҶЕВ

18-уми апрели соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳфили “Нурофарон” ба кори худ оғоз намуд. Якумин чорабинии маҳфил таҳти унвони “85 баҳори умри Баҳром Сироҷев: Рисолати зиндагӣ ва хизмати содиқона ба рушди соҳаи энергетикаи тоҷик” баргузор гашт.

Дар кори он Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, собиқадорони соҳаи энергетика, роҳбарияти корхонаҳои энергетикӣ, Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон, Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки Академик Баҳром Сироҷев, аз зумраи шахсиятҳои барҷаста дар соҳаи энергетикаи кишвар ба ҳисоб рафта, ҳамчун бунёдгузори сулолаи энергетикҳои тоҷик шинохта шуда, ба хизматҳои эшон на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон балки дар кишварҳои пасошуравӣ арҷ мегузоранд.

Устод беш аз 60 соли умри бобаракати худро ба ин соҳа бахшидааст ва ҳоло ҳам дар ин ҷода бомувафаққият фаъолият доранд.
Махсусан таъкид гашт, ки замони роҳбарии устод дар ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” новобаста аз вазъи мураккаби сиёсии Тоҷикистони тоза ба истиқлолрасида даврони рушди соҳаи энергетикаи миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин давра, аниқтараш соли 2000-ум ширкати давлатии
“Барқи Тоҷик” дар Женева бо ҷоизаи олӣ – “Ситораи тиллоӣ барои сифат ва афзалият” сарфароз гардонида шуда буд.

Сипас, навори аксҳои Баҳром Сироҷев аз даврони донишҷӯӣ то ба ҳол манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзуи “Рушди соҳаи энергетика дар замони соҳибистиқлолӣ” маъруза намуд.

Дар идома Рафиқа Мӯсоева, раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон, Раҳимзода Ҷамшед, сардори раёсати таълими ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, Хоҷаева Ӯғулой, муовини раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон ва Бобоев Ҷӯра, собиқадори соҳа, аъзои Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон вобаста ба рӯзгор ва фаъолияти ибратбахши Баҳром Сироҷев сухан ронданд.

Дар фарҷоми Маҳфили “Нурофарон” ба Баҳром Сироҷев ва Мурод Яқубов, мудири бахши иҷозатномадиҳии Вазорат Медали соҳавии “Аълочии соҳаи энергетика” тақдим карда шуд. Ин қадрдонӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматҳои арзанда ва саҳми шоистаи онҳо дар пешрафти соҳаи энергетикаи кишвар ба ҳисоб меравад.