07-уми майи соли 2025, Теҳрон (Эрон). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ бо ноиби муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба корҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ Алӣ Наҷафии Хушрудӣ мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот натиҷаҳои дар доираи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон бадастомадаро баррасӣ гардида, тавофуқоти ҳосилшударо мусбат арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо аз мулоқоти судманди дуҷонибае, ки моҳи апрел дар шаҳри Душанбе доштанд, ёдовар шуда, барои таҳким ва тавсеаи боз ҳам бештари ҳамкориҳо изҳори ҳавасмандӣ зоҳир карданд.













