Дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – шаҳри Тошкент вохӯрии навбатии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон роҷеъ ба мувофиқасозии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи электроэнергетика баргузор гардид.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин музокирот таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва ҷониби ӯзбекистонӣ таҳти роҳбарии вазири энергетика Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов иштирок намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетикаро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати мувофиқа ва таҳияи ниҳоии санади мазкур табодули афкор анҷом доданд.














1 thoughts on “ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ҲАМКОРИҲОРО ДАР СОҲАИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКА ТАҚВИЯТ МЕБАХШАНД”
Обсуждение закрыто.