МАРОСИМИ МУАРРИФИИ НИЗОМНОМАИ ШУРОИ МИЛЛИИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

31-уми майи соли 2025, Душанбе. – Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар намоишгоҳи “Энергияи сабзи устувори Тоҷикистон”-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муаррифии Низомномаи Шурои миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода, коршиноси соҳа, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.