29-уми майи соли 2025, Душанбе. – Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тақвияти ҳамкории фаромарзӣ барои устувории захираҳои об ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаҳои вобаста ба пиряхҳои Осиёи Марказӣ» форум баргузор гардид.
Дар кори форум роҳбарияти идораҳои хоҷагии оби кишварҳои Осиёи Марказӣ, олимон ва шарикони рушд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода баромад намуда, аз ҷумла зикр кард: «Осиёи Марказӣ минтақаест, ки дар он об нақши ҳаётан муҳим дорад. Об на танҳо як захираи табиӣ, балки асоси ҳаёт, рушд, энергетика, амнияти озуқаворӣ ва экологии мост. Об моро ба ҳам мепайвандад — таърихӣ, ҷуғрофӣ ва стратегӣ, ва маҳз ба ҳамин хотир масъалаҳои идоракунии захираҳои обӣ ҳамеша мавқеи марказиро дар муколамаи байнидавлатии минтақа ишғол мекунанд.
Имрӯз, бештар аз ҳар вақти дигар, возеҳ аст, ки рушди устувори Осиёи Марказӣ бе идоракунии самаранок, судманд ва одилонаи захираҳои обӣ ғайриимкон мебошад. Танҳо дар асоси эътимод, шарикӣ ва ҳамраъйии мутақобила мо метавонем потенсиали обии минтақаро ба пояи ояндаи босубот ва амн табдил диҳем».
– Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои бузургтарин захираҳои обӣ дар минтақа аст, масъулияти махсуси худро дарк мекунад ва ҳамзамон онро ҳамчун имконият барои пешрафти умумӣ арзёбӣ менамояд. Мо ҳамеша ҷонибдори таҳкими ҳамсоягии нек, эҳтироми мутақобила ва ба инобат гирифтани манфиатҳои ҳамаи кишварҳо дар масъалаҳои ҳамкории обу энергетика будем ва мемонем, – таъкид кард Ҷамшед Шоимзода.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими форум ифтитоҳи расмии ташаббуси «Олами кабуди Осиёи Марказӣ 2.0» («Blue Peace Central Asia 2.0») ва пешбурди мафҳуми пайванди «Об – Энергетика – Хӯрокворӣ – Экосистемаҳо» (WEFE Nexus) ҳамчун асоси самараноки идоракунии фаромарзӣ, ҳамкориҳои илмӣ ва маблағгузории инноватсионӣ ба ҳисоб рафт.
Маврид ба зикри хос аст, ки форум марҳилаи муҳим дар роҳи ҳалли маҷмуӣ барои дурнамои амнияти иқлим барои Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардид.













