МУЛОҚОТ БО ХОНУМ ШАРЛОТТА АДРИАН

10-уми июли соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо сардори шуъбаи Шарқи Наздик ва Осиёи Марказии Мудирияти генералии Комиссияи Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ хонум Шарлотта Адриан мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо доираи васеи масоили марбут ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, аз ҷумла раванди татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда, ки ба ислоҳоти соҳа равона шудааст ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои нави энергетикии “сабз”-ро, баррасӣ намуданд.

Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа аз сатҳи муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, равобити дуҷонибаро дар рушди соҳаи энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард.

Дар мулоқот, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобиланд судманд таъкид намуданд.