14-уми июли соли 2025, шаҳри Душанбе. – Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз фаъолияти ҷамъият дар нимсолаи якуми соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд.
Дар ҷаласа роҳбарияти ҷамъият, филиалҳои он ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст ҳисоботи муфассали Бахтиёр Раҳматзода, менеҷери раёсати системаи барқтаъминкунӣ ва Ғуломзода Муҳаммад, менеҷери раёсати назорати барқ оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҷамъият дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ва мушкилоти мавҷуда шунида шуд.
Сипас, роҳбарони филиалҳои ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ҳисоботи худро дар бораи натиҷаҳои фаъолият манзур карданд.
Таъкид гардид, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҷамъият кам намудани талафоти неруи барқ, ҷорӣ намудани усулҳои замонавии назорати истифодаи неруи барқ, таъмини устувори неруи барқ ба истеъмолкунандагон ва ҷамъоварии пурраи маблағи истифодаи он мебошад.
Дар идома вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа фаъолияти нимсолаи ҷамъиятро қаноатбахш арзёбӣ накарда, ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла кам намудани талафоти неруи барқ, бартарафсозии изофанависӣ, боло бурдани масъулиятшиносии кормандон, боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дастуру супоришҳои мушаххас доданд.



















