25-уми июли соли 2025, шаҳри Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорат дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ роҳбарияти Вазорат, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Синамо», АМИТ «Ховар», агентиҳои иттилоотии «Азия Плюс», «Рейтерс», «ТАСС», «Интерфакс», рӯзномаю маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Халқ Овозӣ», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Минбари халқ», «Дайджест пресс», «Время и денги», «Илм ва ҳаёт», радиоҳои «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Ховар», «Овози Тоҷик», «Фарҳанг», «Радиои бурунмарзӣ», «Озодӣ», «ZET FM» ва сомонаҳои «radiotoj.tj», «Oila.tj», «Dialog.tj», «Your.tj» ва рӯзноманигорони мустақил ҳузур доштанд.
Дар рафти нишасти матбуотӣ мавзуъҳои расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини устувори неруи барқ, рафти корҳои сохтмонии НБО “Роғун”, бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ, содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар, маҳдудияти неруи барқ, ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, лоиҳаҳои бахши энергетика, аз ҷумла кам намудани талафоти неруи барқ, «CASA-1000», вазъи истихроҷи маҳсулоти нафтӣ, газ, воридоти маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, истифодаи обҳои зеризаминӣ, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа матраҳ шуданд.






















