1-уми августи соли 2025, Гулистон. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев, вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Қазоқистон Нуржан Нуржигитов вохӯрӣ анҷом доданд.
Мулоқот дар фазои созанда ва дӯстона сурат гирифта, таваҷҷуҳи махсус ба истифодаи оқилона ва самараноки манбаъҳои обии муштарак равона гардид.
Таъкид шуд, ки манбаъҳои обӣ барои кишварҳои дӯсту ҳамҷавор – Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон аҳамияти стратегӣ дошта, таъмини саривақтии оби полезӣ ба хоҷагиҳои минтақа ба нафъи умум арзёбӣ мегардад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои истифодаи самараноки захираҳои обӣ, хусусан дар мавсими киштукор, тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ шуда, мубодилаи маълумот миёни зерсохторҳои соҳавӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар сатҳи минтақавӣ таҳким дода шаванд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки мушкилоти пешомада сари вақт бартараф гардида, дастрасии кишоварзон ба оби полезӣ таъмин шавад.

















