Ҳар як мутахассиси соҳаи барқ хуб медонад, ки дар иншооти азиме чун НБО «Норак» ҳар як таҷҳизоти асосии он то 20-25 сол кафолати техникӣ дорад. Баъди сипарӣ шудани ин муддат онҳо ба фарсуда ва корношоям шудан сар мекунанд. Ин сатҳи эътимоднокии неругоҳро паст месозад ва ҳатто таҳдиди корношоям шудану аз кор мондани он ба миён меояд. Аксари таҷҳизоти асосии НБО «Норак» то солҳои ибтидои истиқлолият муҳлати ин кафолати техникиро гузаронда буданд ва ба фарсудашавӣ оғоз намуда, ба таҷдид эҳтиёҷи ҷиддӣ пайдо карда буданд. Дар солҳои охир, бинобар фарсуда гардидани таҷҳизоти асосӣ, иқтидори истеҳсолии Неругоҳ коҳиш ёфта, тавоноии ҳар агрегати он то 2600 мегаватт паст фаромада буд.
Хушбахтона, оғоз аз соли 2000-ум маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду барқарорсозии НБО «Норак» оғоз ёфт. Тайи солҳои 2006-2016 чархҳои кории агрегатҳои 3, 8 ва 9 иваз карда шуданд. То моҳи августи соли 2013 дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220-киловолта бо дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии 220-киловолта ва то моҳи апрели соли 2016 дастгоҳи тақсимоти кушодаи 500-киловолта бо дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии 500- киловолта иваз гардиданд. Барои анҷом додани корҳои зикршуда ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани Неругоҳ дар солҳои 2006-2016-ум 627 миллион сомонӣ равона шуд. Баъди ин, бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ асосноксозии техникиву иқтисодии лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» ва таъмини бехатарии сарбанди он» омода гардид. Мутобиқи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ маблағи умумии таҷдиду азнавсозии Неругоҳ беш аз 7 миллиард сомониро ташкил дода, муҳлати амалӣ шудани лоиҳа дар ду марҳала 10 солро фаро мегирад.
24-уми октябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Норак сафар намуда, дар расми тантанавии ба истифода додани агрегати якуми НБО «Норак», баъд аз таҷдид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Ин ҳама дар доираи марҳалаи якуми лоиҳа буд. То ин дам, барои амалӣ кардани он 3 миллиарду 300 миллион сомонӣ ҷалб гардид. Тавре зикр шуд, дар доираи марҳалаи якуми лоиҳа иваз кардани се агрегат, 6 трансформатор, таҷдиди дастгоҳи тақсимоти кушода ва иҷрои корҳо вобаста ба таъмин намудани бехатарии сарбанд бояд амалӣ гарданд. Дар доираи марҳалаи дуюм бошад, иваз кардани 6 агрегати боқимонда, таъмири бинои Неругоҳ ва хариди техникаву таҷҳизоти зарурӣ пешбинӣ шудааст.
30-юми августи соли 2024 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба НБО «Норак» ташриф оварда, дар маросими ба истифода додани агрегати навбатии он, баъди таҷдид, иштрок намуданд. Иқтидори истеҳсолии гидроагрегати чорум баъди навсозӣ дар як шабонарӯз 8 миллиону 266 ҳазору 519 кВт/соат неруи барқро ташкил дод.
Алҳол, дар Неругоҳ корҳори навсозӣ бомаром идома доранд. Баъди татбиқи пурраи лоиҳа иқтидори лоиҳавии Неругоҳ аз 3000 ба 3375 мегаватт расида, бо назардошти тавоноии барқароршаванда ва 375 мегаватт иқтидори иловагие, ки дар натиҷаи таҷдид ба даст меояд, иқтидори кории Неругоҳ 775 мегаватт зиёд мешавад. Яъне, бо анҷом ёфтани корҳои навсозии пурраи Неругоҳ иқтидорҳои барқароршаванда ва наве, ки дар асоси истифодаи технологияҳои пешрафта ба вуҷуд меоянд, аз иқтидори лоиҳавии НБО «Сангтӯда-1», ки 670 мегаватт мебошад, зиёдтар мешавад.
Таҷрибаи панҷоҳсолаи корӣ собит намуд, ки, воқеан ҳам, дарғоти НБО «Норак» яке аз боэътимодтарин дар олам аст. Беҳуда нест, ки дарғоти НБО «Норак» соли 2000-ум дар Женева медали Ситораи тиллоии сифат ва соли 2010-ум дар Ҷумҳурии Мардумии Чин сертификати сифатро соҳиб шудааст. Ёдовар мешавем, ки дарғоти Неругоҳи барқи обии «Роғун» низ бо ҳамин услуб бино ёфта истодааст.
Анҷоми бомуваффақияти лоиҳаи таҷдиду навсозӣ маънои онро дорад, ки НБО «Норак» аз нав эҳё шуда, боз солҳои дароз барои иқтисодиёт ва мардуми кишвар хидмат хоҳад кард.
Аз ин рӯ бо эътимод метавон гуфт, ки маҳз истиқлоли давлатӣ ва ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам оварданд, ки Неругоҳи барқи обии «Норак» имрӯз самаранок фаъолият менамояд ва ба мардум ва иқтисодиёти кишвар хидмат мекунад.
Фазлиддин ШОИДДИНОВ,
директори НБО «Норак»













