ШУКӮҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

09-уми сентябри соли 2025 ба муносибати Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Дар ҳамоиши тантанавӣ раиси ноҳия Лашкар Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони муассисаю ташкилотҳо, собиқадорон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Нахуст, аз масҳсули дасти ҳунармандони деҳоти Барвоз ва таъомҳои миллӣ боздид ба амал овард шуд.

Муовини вазири энергетика ва захираҳои об дар назди ҷамъомадагон баромад карда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияи Роштқалъаро ба ин санаи таърихӣ самимона шодбош гуфт.

Зикр гашт, ки ноҳияи Роштқалъа дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ рушд ёфта, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва таъмин намудани рушди он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 2 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

– Имсол дар ноҳия дуюмин неругоҳи барқи обии калон дар ВМКБ НБО «Себзор» дар дарёи Шоҳдара бо иқтидори 11 мегаватт бо маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Ин иншооти муҳими соҳаи энергетика иқтидори энергетикии вилоятро 25 фоиз афзоиш дода, маҳдудияти барқро дар соатҳои сарборӣ бартараф месозад ва устувории интиқоли неруи барқро ба аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар муштариён пурра таъмин менамояд, – гуфт М. Сафарзода.

Иброз гардид, ки тибқи нақшаи корҳои бунёдкориву ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа бунёду азнавсозии 206 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст.

Ба ҳолати 1-уми сентябри соли ҷорӣ 135 банд ба маблағи 685 миллион сомонӣ иҷро гардидааст, ки 66 %-и нақшаро ташкил медиҳад.

Бо итминони комил дорем, иброз гашт, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Роштқалъа Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро, ки соли оянда фаро мерасад, бо дастовардҳои шоиста, иқдомҳои созанда ва ташаббусҳои ободгарона истиқбол мегиранд ва барои боз ҳам ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли хеш саъю талоши бештар хоҳанд кард.

Дар чорабинӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандон маҳаллӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Пас аз ба итмом расидани чорабинӣ миёни дастаҳои волейболи ҷамоат мусобиқа баргузор гашт.