КУМИТАИ ИДОРАКУНАНДАИ ЛОИҲАИ “БОХТАР” БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар шаҳри Ханҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 25-ум то 27-уми сентябр ҷаласаи навбатии Кумитаи идоракунандаи лоиҳаи ‘’Бохтар” баргузор гардид, ки дар он ҳайати кишвар иборат аз муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шарифа Худобахш, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Лоиҳаи ‘’Бохтар” дар доираи Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «CNPC Central Asia B. V.»-и Чин татбиқ шуда истодааст.
Ширкати «CNPC Central Asia B.V.» фатолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти корҳои таҳиқотию илиӣ вобаста ба кашфи конҳои нафту газ ба роҳ мондааст.
Мақсади асосии фаъолияти ширкати мазкур гузаронидани корҳои геологӣ-сейсмоиктишофӣ, муайян намудани сохторҳои аз лиҳози мавҷудияти захираҳои саноатии нафту гази ояндадор, интихоби нуқтаи пармакунии чоҳи ҷустуҷӯйӣ ва кашфи конҳои нави нафту газ дар минтақаҳои ҷанубу ғарбии
кишвар буда, аллакай, бо усули иктишофӣ гравитсивӣ-магнитӣ корҳои геофизикӣ гузаронида шуда, соли 2025 дар қитъаҳои иҷозатномавии ширкат корҳои иктишофии сейсмикӣ оғоз гардидаанд.
Дар кори кумитаи мазкур нақшаҳои дар пешмондаи корҳои геофизикӣ дар қисмати ҷануби Тоҷикистон ва иҷрои талаботи созишнома дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тибқи нақша, ширкат тасмим гирифтааст, ки дар соли 2026 нуқтаи пармакунии чоҳи иктишофиро муайян намояд.
Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин аз озмоишгоҳи ширкати «CNPC Central Asia B.V.» дидан намуд. Дар озмоишгоҳ намунаҳои аз қаъри замин гирифташуда барои муайян кардани таркиби кимиёвӣ таҳлил мегарданд, ки ин раванд барои интихоби дақиқи нуқтаи пармакунии чоҳи иктишофӣ аҳамияти калидӣ дорад.