02-юми октябри соли 2025, Остона. – Дар ҳошияи Ҳафтаи энергетикии Қазоқистон-2025 ва XVI Форуми Авруосиёии KAZENERGY вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Директори генералии Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) Франческо Ла Камера мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҷалби сармояи хориҷӣ ба лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, офобӣ ва бодт, инчунин табодули таҷриба ва технологияҳои муосирро баррасӣ намуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои об таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ мебошад ва истифодаи самараноки онҳо метавонад ба таъмини амнияти энергетикии минтақа, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди энергетикаи «сабз» мусоидат намояд.
Зикр гашт, ки айни замон, Тоҷикистон аз ҳисоби истеҳсоли энергияи «сабз» миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф мебошад.
















