02-юми октябри соли 2025, Остона. – Дар доираи Kazakhstan Energy Week – 2025 мизи мудаввари Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) таҳти унвони «Суръат бахшидан ба ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ директори генералии IRENA Франческо Ла Камера, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Аккенженов, вазири энергетикаи Озарбойҷон Парвиз Шаҳбозов, вазири экология ва захираҳои табиии Қазоқистон Ерлан Нисанбоев, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, инчунин коршиносон ва намояндагони кишварҳои гуногун ширкат варзиданд.
Ҷаласа ба масъалаи тезондани гузариш ба энергетикаи «сабз» дар Осиёи Марказӣ дар доираи ташаббуси APRECA аз ҷониби IRENA бахшида шуд. Қадамҳои амалии се маротиба зиёд кардани иқтидорҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва боло бурдани самаранокии энергетикӣ то соли 2030 баррасӣ гардиданд.
Вазири энергетика захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ, доир ба дурнамои кишвар дар самти гузариши пурра ба энергетикаи «сабз» ибрози назар намуда, аз ҷумла чунин иброз дошт: «Мутобиқи стратегияи дарозмуддати рушд, ҷумҳурӣ нақша дорад то соли 2032 пурра ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия гузарад. Имрӯз тақрибан 98 фоизи неруи барқ дар кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад. Бо шарофати ин, Тоҷикистон ба шумори давлатҳое дохил мешавад, ки сатҳи пасттарини ихроҷи гази карбон доранд. Ҳадафи дурнамои Тоҷикистон ба даст овардани мақоми комилан «сабз» то соли 2037 мебошад».
Дар маркази диққат масъалаҳои рушди инфрасохтор, ҳамгироии минтақавӣ, маҳаллӣ гардондани истеҳсолот, такмил додани қонунгузорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ қарор доштанд.
Дар натиҷаи мизи мудаввар ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ, мубодилаи таҷрибаҳои пешқадам ва таҳкими амнияти энергетикии минтақавӣ таъкид намуданд.





















