13-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз фаъолияти ҷамъият дар нуҳ моҳи соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд.
Дар кори ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Бобозода, директори генералии ҷамъият Мирзо Маҳмудзода, роҳбарони филиалҳо, намояндагони мақомоти соҳавӣ ва кормандони масъули ҷамъият ширкат доштанд.
Тибқи рӯзнома, нахуст муовини директори генералии ҷамъият Баҳодур Усмонов оид ба нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва молиявии ҷамъият ҳисобот дода, иброз дошт, ки дар ин давра самти асосии фаъолияти ҷамъият вобаста ба истифодаи сарфакорона неруи барқ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизотҳои ШИБ ва беҳтар намудани сифати интиқоли неруи барқ равона гардида буд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар нуҳ моҳ ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» 20 млрд 637,4 млн кВт соат неруи барқ қабул ва 19 млрд 983,1 млн кВт соат интиқол додааст. Сатҳи талафот 648,7 млн ё 3,1 %-ро ташкил медиҳад.
Сипас, роҳбарони филиалҳои минтақавӣ доир ба фаъолияти худ, иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, вазъи техникӣ ва масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ҳисобот пешниҳод карданд.
Дар интиҳои ҷаласа, вазири энергетика ва захираҳои об ба масъалаҳои муҳими соҳавӣ таваҷҷуҳи зоҳир намуда, вобаста ба кам намудани сарбории зеристгоҳҳои барқӣ, таъмин намудани фаъолияти устувори онҳо дар фасли тирамоҳу зимистон, паст кардани сатҳи талафоти неруи барқ ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба роҳбарият ва кормандони ҷамъият дастурҳои мушаххас дод.
























