16-уми октябри соли 2025, Москва. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар мубоҳисаи панелӣ таҳти унвони «Кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АДОҶШ) дар роҳи ташаккули одилонаи энергетикӣ», ки дар ҳошияи VIII Форуми байналмилалии «Ҳафтаи энергетикии Россия» баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар чорабинӣ роҳбарону намояндагони баландпояи сохторҳои соҳавӣ, аз ҷумла вазири энергетикаи Федератсияи Россия Сергей Сивилёв, Дабири кулли СҲШ Нурлан Ермекбоев, вазири энергетика ва нафти Ҷумҳурии Судон Элмутасим Иброҳим, президенти Маркази тадқиқоти энергетикии минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Ирие Казутомо, инчунин ҳайатҳои расмии давлатҳои узв ва коршиносони байналмилалӣ иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ба масъалаҳои таъмини амнияти энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва нақши Тоҷикистон дар ин самт таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
– Тоҷикистон, ҳамчун кишваре бо захираҳои бузурги обию энергетикӣ, ҷонибдори рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтироми манфиатҳои тарафайн ва таъмини дастрасии одилона ба захираҳои энергетикӣ мебошад, – таъкид кард Далер Ҷумъа.
Зимни мубоҳисаҳо зикр гашт, ки имрӯз кишварҳои СҲШ ва АДОҶШ воқеияти нави иқтисодӣ ва сармоягузориро ба вуҷуд оварда, диди хоси худро дар бораи ояндаи энергетика пеш мебаранд, ки ба ташаккули модели баробарҳуқуқ, мутавозин ва устувори рушди энергетикаи ҷаҳонӣ равона шудааст.

















