ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАИ ДОИМИИ БАРНОМАИ РУШДИ СММ

29-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (UNDP) дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷиро ба ҳузур пазируфт.
Миёни ҳамсуҳбатон доир ба ҳолати кунунии ҳамкориҳо табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон, барои тақвияти муносибатҳо дар самтҳои дигари соҳаҳои энергетика ва захираҳои об изҳори омодагӣ намуданд.