ТАҚДИМИ НАҚЛИЁТҲОИ БАРҚӢ БА РАЁСАТҲОИ МИНТАҚАВӢ

Бо ташаббус ва дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсатҳои захираҳои оби минтақаҳои ҳавзавии Вахш ва Панҷ ду нақлиёти нави барқии тамғаи «BYD Song Plus» тақдим карда шуд.

Мақсад аз ин иқдом беҳтар намудани шароити корӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва таъмини фаъолияти самараноки мутахассисони мақомоти соҳавӣ дар минтақаҳои зикршуда мебошад.

Тақдими нақлиётҳои барқӣ, ҳамзамон, татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти истифодаи технологияҳои «сабз», рушди нақлиёти барқӣ ва коҳиши партовҳои зараровар ба муҳити зист ба ҳисоб меравад.

Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj