Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
20-уми феврали соли 1993 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Соли 2015 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (рӯзона, дараҷаи бакалаври техника ва технология аз рӯи ихтисоси неругоҳҳои барқӣ ) ва соли 2017 Донишгоҳи давлатии элетротехникии Санкт-Петербург ба номи В.И.Улянов (рӯзона, дараҷаи магистри электроэнергетика ва электротехника)-ро хатм кардааст.
Кор ва фаъолияти собиқа:
| Солҳои 2017 – 2018 | Барқкори зеристгоҳи барқии «Ҷангал» дар Хадамоти зеристгоҳҳои барқи гурӯҳи 2-юми Шабакаҳои барқии марказӣ |
| Солҳои 2018 – 2019 (05 – 02) | Барқкори зеристгоҳи барқии «Ҷангал» дар Хадамоти зеристгоҳҳои барқи гурӯҳҳои 3, 4, 5 – и Шабакаҳои барқии марказӣ |
| Соли 2019 (02 – 04) | Барқкори зеристгоҳи барқии «Ҷангал» дар Хадамоти зеристгоҳҳои барқи гурӯҳи 6-уми Шабакаҳои барқии марказӣ |
| Соли 2019 (04 – 12) | Мутахассиси Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (шартномавӣ) |
| Солҳои 2019 – 2021 (12 -12) | Сармутахассиси шуъбаи истеҳсолӣ-техникии Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2021 – 2024 (12- 07) | Сармутахассиси шуъбаи истеҳсолӣ-техникии Хадамоти назорати давлатии энергетикии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2024 – 2025 (07- 07) | Сардори шуъбаи назорати неругоҳҳо ва шабакаҳои барқии 35 кВ ва болои Хадамоти назорати давлатии энергетикии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Аз 07.07.2025 то 03.11.2025 | Сардори Раёсати назорати неругоҳҳо ва шабакаҳои барқии Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Аз 03.11.2025 | Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон |













