ТОҶИКИСТОН МИЗБОНИ ҶАЛАСАИ 67-УМИ ШУРОИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКИИ КИШВАРҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИДМ

20-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор мегардад.

Ҷаласа дар қолаби ҳузурӣ ва маҷозӣ сурат гирифта, дар кори он вазирони энергетикаи кишварҳои ИДМ, раиси Кумитаи иҷроияи Шурои электроэнергетикии ИДМ, муовини Котиби генералии ИДМ, муовини Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай, ширкатҳои энергетикии давлатҳо иштирок менамоянд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласаи навбатии нишаст, муҳокимаи мавзуъҳои механизми амалии рушди ҳамкории кишварҳои ИДМ ва СҲШ, ҳолати мувофиқасозии лоиҳаи Стратегияи рушди комплекси сӯзишворӣ-энергетикии кишварҳои иштирокдори ИДМ барои то соли 2035 (дурнамо барои соли 2050), оид ба раисии шурои Ҳамоҳангсозии назди Шурои электроэнергетии  ИДМ ва дигар масъалаҳо пешбинӣ гардидааст.

************
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj