ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ БЕХАТАРИИ ИНШООТҲОИ ГИДРОТЕХНИКӢ ДАР СОЛИ 2025 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

12-уми январи соли 2026, шаҳри Душанбе. – Бо иштироки муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар соли 2025 баргузор гардид.

Нахуст, ҳисоботи шахсони масъули Хадамот оид ба натиҷаҳои корҳои назоратӣ ва татбиқи тадбирҳои пешгирикунанда дар самти таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ шунида шуд.

Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти Хадамот, асосан, ба таҳкими назорати давлатии техникӣ, риояи талаботи меъёриву ҳуқуқӣ, инчунин пешгирии ҳолатҳои фавқулода дар иншоотҳои муҳим равона карда шудааст.

Муовини якуми вазир зимни баромади худ ба масъулон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи масъулият, дониши касбии кормандон, таҳияи механизмҳои самараноки назорат ва таҳияи пешниҳодҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати таъсиррасон будани фаъолияти низоми назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj