ҲАВАСМАНДИИ ШИРКАТИ «40 CAPITAL» БАРОИ БУНЁДИ НЕРУГОҲҲОИ ХУРДИ БАРҚИ ОБӢ

14-уми январи соли 2026, шаҳри Абу Забӣ. – Дар ҳошияи чорабинии байналмилалии Ҳафтаи рушди устувори Абу Забӣ – 2026 муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо роҳбарияти ширкати сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб «40 Capital» мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика, бахусус дар самти рушди энергияи сабз, ҷалби сармоя ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Ҷониби ширкати «40 Capital» таваҷҷуҳи хоссаи худро ба сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда, омодагии худро ҷиҳати омӯзиши ҳамаҷонибаи имкониятҳои мавҷуда ва ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори кишвар таъкид кард.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj