🇹🇯🇪🇺15-уми январи соли 2026, шаҳри Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Роҳбари бахши ҳамкориҳои Дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Изабел Уриз Ҳэрнандес мулоқот анҷом дод.
Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо маҷмуи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика ва захираҳои об қарор гирифт.
Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро муҳокима карданд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ ба татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар ин замина, аҳамияти таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетика ва захираҳои об таъкид карда шуд.
Дар идома ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва густариши онҳо дар доираи барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак изҳор намуданд.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj















