13-уми феврали соли 2026, Кӯшониён. – Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни Донишкада чорабинӣ доир ба шарҳу тавзеҳи паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.
Ҷаласаро Диловаршоҳ Исозода, ректори Донишкада, ифтитоҳ намуда, вобаста ба муҳтавои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронд.
Сипас, Маҳмуд Мирзоён, мудири бахши котиботи Вазорат, баромад намуда, паёми навбатии Сарвари давлатро рӯзномаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи навин унвон карда, оид ба масъалаҳои калидии дар паём зикршуда, аз ҷумла афзалиятҳои рушди соҳаи энергетика, таъмини амнияти энергетикӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои «сабз», кам намудани талафоти неруи барқ ва татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ ибрози назар кард.
Дар охир миёни донишҷӯён перомуни вазъи имрӯза ва дурнамои соҳаи энергетика суҳбати озод сурат гирифт.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj


















