30-юми апрели соли 2026, ноҳияи Кӯшониён. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Конфронси 3-юми байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Саноатикунонии рақамӣ ва рушди энергетика аз нигоҳи олимону муҳаққиқон», ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистони Вазорати энергетика ва захираҳои об баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Пеш аз оғози конфронс вазир аз намоишгоҳи дастовардҳои омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада дидан намуда, бо шароити таҳсил шинос шуд.
Зимни шиносоӣ аз кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо вазир донишҷӯёнро ба илмомӯзӣ ва ихтироъкорӣ ҳидоят намуданд.
Ҳамзамон, ба роҳбарияти донишкада дастур дода шуд, ки сафи донишҷӯёнро аз ҳисоби духтарон зиёд намоянд.
Вазир зимни суханронии худ дар конфронс аҳли нишастро ба муносибати 20-солагии таъсисёбии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон табрик гуфта, саҳми муассисаро дар омода намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳаи энергетикаи мамлакат муҳим арзёбӣ намуд.
Таъкид карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи энергетика ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлат қарор дошта, барои таъмини истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 30 миллиард сомонӣ татбиқ шуда, айни замон 18 лоиҳаи дигар ба маблағи 15 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодаанд.
Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо зиёда аз 2300 МВт иқтидорҳои нави истеҳсолии неруи барқ бунёд гардида, ҳамзамон даҳҳо зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқи 500, 220, 110 ва 35 кВ сохта ва мавриди истифода қарор дода шуданд.
– Айни замон, дар соҳаи энергетикаи кишвар марҳилаи нави ислоҳоту навсозӣ идома дошта, тадбирҳои муҳим ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, рақамикунонии низоми энергетикӣ, коҳиши талафоти техникӣ ва ҷорӣ намудани технологияи инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ амалӣ гардида истодаанд, – таъкид кард вазир.
Дар идома вазир масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисосро яке аз самтҳои калидӣ арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯз бозори меҳнат ба муҳандисон, энергетикон, барномасозон, таҳлилгарон ва менеҷерони соҳавии дорои донишҳои муосир, малакаҳои рақамӣ ва забондон ниёз дорад.
Дар ин замина, нақши Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир хеле муҳим арзёбӣ шуд.
Ҳамзамон, зарурати тақвияти ҳамкории донишкада бо корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои рақамӣ, марказҳои омӯзиши зеҳни сунъӣ, энергетикаи «сабз» ва барномасозии муҳандисӣ таъкид карда шуд.
– Бо мақсади ташаккули мактаби илмии Донишкада дар соҳаи энергетика ва сохтмони гидротехникӣ зарур шуморида мешавад, ки шумораи номзадони илм, доктор PhD ва докторонро зиёд карда шаванд ва ба сифати корҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус диҳанд, – иброз дошт вазир.
Қайд гардид, ки дар шароити рушди босуръати иқтисоди миллӣ ва афзоиши талабот ба неруи барқ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бояд хусусияти амалӣ дошта бошанд ва натиҷаҳои онҳо дар амалияи соҳа васеъ ва самаранок истифода шаванд.
Дар идомаи конфронс ба як қатор устодони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон барои пешрафт, хизмат, омодасозии кадрҳо ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи энергетика ифтихорномаҳо ва Медали соҳавии «Аълочии соҳаи энергетика»-и Вазорат тақдим карда шуд.
Маврид ба зикр, ки дар конфронс олимону коршиносони Тоҷикистон, Беларус, Федератсияи Россия, Ӯзбакистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ ширкат доштанд.




















































