ИШТИРОКИ МУОВИНИ ВАЗИР ДАР ФОРУМИ ЭНЕРГЕТИКИИ БОКУ

1-уми июни соли 2026, Боку (Озарбойҷон). – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Маҳмадзода дар ҷаласаи пленарии вазирон таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ барои ояндаи устувор ва диверсификатсияшудаи энергетикӣ» ва муколамаи вазирон оид ба пешбурди гузариши энергетикӣ дар асоси манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ, ки дар ҳошияи Форуми энергетикии Боку баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Иброз гардид, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузариши энергетикӣ на танҳо ҷузъи рӯзномаи ҷаҳонии иқлим, балки шарти муҳими рушди миллӣ, таҳкими амнияти энергетикӣ, рушди саноат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Тақрибан 95 фоизи неруи барқи Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол гардида, кишварро ба яке аз пешсафони ҷаҳон дар истеҳсоли энергияи «сабз» табдил додааст.

Муовини вазир таъкид намуд, ки тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, тағйирёбии мавсимии маҷрои дарёҳо ва афзоиши талабот ба неруи барқ зарурати диверсификатсияи тавозуни энергетикӣ, навсозии инфрасохтор ва рушди манбаъҳои дигари барқароршавандаи энергия, аз ҷумла офтобӣ ва бодиро ба миён овардааст.

Ҳамчунин, аҳамияти ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи энергетика махсус қайд карда шуда, аз ҷумла, пайвастшавии дубораи Тоҷикистон ба Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва татбиқи лоиҳаи «CASA-1000»  ҳамчун омилҳои муҳими рушди бозори минтақавии энергияи тоза ва таҳкими робитаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ арзёбӣ гардиданд.

✅@mewrtj