🇹🇯🇲🇳12-уми июни соли 2026, Улан-Батор (Муғулистон). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба Муғулистон бо Зэнээмядарин Батбаяр роҳбари Агентии оби ин кишвар вохӯрӣ намуд.
Дар суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти идоракунии захираҳои об, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳифзи муҳити зист ва мубодилаи таҷриба дар ин самтҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири энергетика ва захираҳои об оид ба захираҳои обии кишвар, сиёсати Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар ин самт андеша ронд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо вобаста ба натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки моҳи май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, табодули афкор намуданд.















