ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАРИФИИ ПАЙМОНИ V2V

23-юми июни соли 2026, Вена (Австрия). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар маросими муаррифии ташаббуси нави Фонди Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (OPEC) оид ба рушди байналмилалӣ – Паймони «Аз осебпазирӣ ба қобилиятнокӣ» (Vulnerability to Viability – V2V Compact), ки ҳошияи Форуми рушди Фонди ОПЕК баргузор гардид, иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ зикр гашт, ки ташаббуси мазкур 74 иқтисоди осебпазир аз таъсири тағйирёбии иқлим ва 15 муассисаи молиявии рушдро муттаҳид менамояд.

Ҳадафи Паймон равона намудани маблағгузории бештар ва дастрас ба кишварҳое мебошад, ки саҳми камтаринро дар партовҳои ҷаҳонӣ доранд, вале бо мушкилоти ҷиддии вобаста ба тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ ҳастанд.

Паймон фаъолияти худро ба се самти калидӣ – идоракунии устувори захираҳои об, рушди низоми маориф ва таҳкими соҳаи тандурустӣ, равона менамояд. Ин самтҳо ҳамчун омили муҳими таъмини рушди инсонӣ ва баланд бардоштани муқовимат ба буҳронҳо арзёбӣ мешаванд.