Форуми мазкур рӯзҳои 11-13 октябри соли 2023 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардида, ҳадафи он муҳокимаи масъалаҳои рушди комплекси сузишворию энергетикӣ ба ҳисоб меравад.
Санаи 11-уми октябр дар ҳошияи Форуми байналмилалии «Ҳафтаи энергетикии Россия» дар баробари дигар кишварҳои минтақа Вазири энергетика ва захираҳои об дар сессияи асосии Форуми «Ҳақиқати нави энергияи ҷаҳонӣ: бунёди оянда» ширкат варзид.
Дар кори сессияи мазкур Президенти Федератсияи Россия, Владимир Путин ширкат варзид. Ҳамчунин, Форуми мазкур коршиносону олимонӣ байналмилалӣ, намояндагони мақомоти федералӣ, роҳбарони ширкатҳои бузурги соҳаи энергетика, ташкилотҳои саноатӣ ва васоити ахбори оммаи Федератсияи Россия ва байналмилалиро ба ҳам гирд овард.













