ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ

07-уми майи соли 2025, Душанбе. – Бонувони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксияи “Тоҷикона мепӯшем”, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи “Куруши Кабир” баргузор гардид, иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо мақсади эҳё ва тарғиби фарҳанги миллӣ, боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ, ҳифз ва арҷгузорӣ ба арзишҳои моддиву маънавии миллати тоҷик аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Ҳамзамон, иқдом мазкур як василаи муҳим барои муаррифии ҳунару санъати миллӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, махсусан насли ҷавон ба мероси фарҳангии ниёгон арзёбӣ мегардад.