ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ: САҲМИ ЗАФАРМАНДОНИ ТОҶИК ДАР ТАЪМИНИ ҒАЛАБА БУЗУРГ АСТ

Ғалаба бар фашизм ҷашни муқаддас буда, инсониятро огоҳ месозад, ки барои тақдири сулҳ ва фазои орому осуда масъулияти бештаре дошта бошад. Бо гузашти замон беш аз пеш аён мегардад, ки ҳеҷ яки мо ҳуқуқи маънавии фаромӯш кардани оқибатҳои ҷангу хунрезиҳо, саҳифаҳои талхи таърих ва гузаштаи фоҷиабори худро надорем.
                                                   Эмомалӣ Раҳмон

Ҳарчанд ки солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз мо дур мешаванд, корнамоиҳо ва ҷоннисориҳои фарзандони ҷасури халқи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС), аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо гузашти вақт боз ҳам возеҳтару равшантар ба назар мерасанд. Ҳамасола 9-уми май – Рӯзи Ғалаба бар фашизмро мардуми сулҳпарвари ҷаҳон бо ифтихору тантана таҷлил мекунанд.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз саҳифаҳои пурфоҷеа, вале ҳамзамон пуршараф ва саршор аз қаҳрамониҳо дар таърихи халқи тоҷик ба шумор меравад. Германияи фашистӣ 22 июни соли 1941, соати 4-и субҳ, бе эълони ҷанг ва аҳдшиканона ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард. Бо ин, Ҷанги Бузурги Ватании халқҳои ИҶШС (1941–1945) оғоз ёфт. Роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбии Германияи фашистӣ, дар таҳияи нақшаи ҷанги зидди ИҶШС, 18 декабри соли 1940 директиваи №21-ро, ки бо номи рамзии «Барбаросса» маъруф аст, тасдиқ намуданд. Нақшаи «Барбаросса» бар асоси стратегия ва тактикаи ҷанги «барқосо» таҳия шуда буд. Мақсад аз он – бо як зарбаи пурзӯри ногаҳонӣ Армияи Сурхро несту нобуд кардан ва дар муҳлати кӯтоҳ то хатти Архангелск – Волга пеш рафтан ва хоки зиёди ИҶШС -ро ишғол намудан буд.

Барои амалӣ сохтани ин нақша, Германияи фашистӣ ва муттаҳидонаш қувваҳои бузургеро сафарбар карданд: 190 дивизия, 18 бригада (дар маҷмӯъ беш аз 5,5 миллион нафар), 3700 танк, зиёда аз 47 ҳазор тӯпу миномёт ва тақрибан 5000 ҳавопаймо. Аз тарафи дигар, Иттиҳоди Шӯравӣ дар оғози ҷанг 2,9 миллион сарбоз, тақрибан 1800 танк ва 1540 ҳавопаймои муосир дар ихтиёр дошт.

Ин ҷанг 1418 шабонарӯз идома ёфта, аз рӯи ҳаҷму андоза бузургтарин фоҷиаи инсоният дар асри XX маҳсуб мешавад. Дар он беш аз 70 кишвари дунё иштирок намуданд ва амалҳои ҷангӣ ҳудуди зиёда аз 40 давлатро фаро гирифт. Беш аз 110 миллион нафар сафарбар шуданд ва зиёда аз нисфашон ҷонро дар роҳи озодии башар фидо карданд.

Тоҷикистон, ки он замон ҷузъи ҷудонопазири ИҶШС буд, дар ин ҷанг саҳми арзишманду таърихӣ гузошт. Зиёда аз 300 ҳазор шаҳрванди кишвар ба майдони ҷанг сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод. Беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор беному нишон гардиданд ва 60 ҳазор нафари дигар аз ҷанг бо маъюбият баргаштанд. Онҳо бо мардонагиву шуҷоат, паҳлу ба паҳлуи дигар халқу миллатҳои ИҶШС, зидди истилогарони фашистӣ мубориза бурданд. Мардуми тоҷик дар баробари набард дар фронт, дар ақибгоҳ низ дар таъмини ғалаба саҳми бузург гузоштанд – ғаллаву озуқа, сару либос, пул ва дигар маводи заруриро барои фронт фиристода, қаҳрамонӣ нишон доданд.

Ҳамчунин, солҳои ҷанг беш аз 100 ҳазор нафар гурезагон, аксаран занону кӯдакон, аз минтақаҳои ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд. Мардуми мо онҳоро мисли фарзандони худ пазируфт, барояшон шароити зиндагӣ фароҳам овард ва ба онҳо сарпаноҳ дод.

Дар натиҷаи ин муборизаи дастаҷамъона, мардуми тоҷик дар баробари дигар халқҳои шӯравӣ бо ордену медалҳо қадрдонӣ шуданд: 58 ҳазор нафар сарбозону афсарон ба мукофотҳои давлатӣ ва 55 нафар ба унвони пуршарафи «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор гаштанд.

Имрӯз, ки мо 80-солагии ин ғалабаи таърихиро таҷлил менамоем, бо сарфарозӣ ва эҳтиром онҳоеро ёд меорем, ки барои оромиву осоиштагии ояндагон ҷонбозиҳо карданд. Маҳз иттиҳоду якдилии халқҳо, дӯстиву бародарии онҳо, иродаи қавӣ ва ватандӯстӣ ба ин пирӯзии бузург асос гузоштанд.

Дар саросари ҷумҳурӣ ҳамасола дар арафаи Рӯзи Ғалаба чорабиниҳои фарҳангиву таълимӣ, вохӯриҳо бо собиқадорони ҷанг, гузоштани гулчанбар ба муҷассамаҳои шаҳидони ҷанг ва ташкили намоишгоҳу озмунҳо доир мегарданд. Ин ҳама барои он аст, ки ҷавонон ба гузашта бо ифтихор нигаранд ва масъулияти худро дар назди Ватан дарк намоянд.

Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва пешрафта қадамҳои устувор мегузорад, ҳифзи сулҳ ва таъмини амният ҳамчун афзалияти сиёсати давлат эътироф шудааст. Ҷомеаи мо, ки солҳои ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардааст, беш аз ҳар кас дигар қадри оромиву суботи дохилиро медонад.

Дар шароити муосир, ки ҷаҳонро хатару таҳдидҳои нав таҳти таъсир қарор медиҳанд – аз ҷумла, низоъҳои геополитикӣ, терроризм ва ифротгароӣ – ҳимояи Ватан, сулҳ ва субот аз ҳар шаҳрванди огоҳ масъулият ва эҳсоси баланди ватандӯстию далериро талаб менамояд. Ҷасорату қаҳрамонии гузаштагон барои мо на танҳо сабақ, балки раҳнамо ва сарчашмаи ифтихор аст.

Ҷовидон бод хотираи шаҳидон!

Поянда бод сулҳу амният дар сарзамини тоҷикон!

Зоҳир НАБИЕВ, сармутахассиси раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон