БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР СОҲАИ ОБ

30-юми майи соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳайати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи оби ин кишвар Абдуллоҳ ибн Иброҳим ал-Абдулкарим ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, вохӯрӣ кард.
Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷониба дар соҳаи захираҳои об, роҳҳои мубориза бо тағйирёбии иқлим, инчунин густариши робитаҳо дар самти истифодаи устувори захираҳои об қарор гирифт.
Ҳамзамон, ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба дар заминаи ҳифзи пиряхҳо ва пешгирии таъсири манфии тағйирёбии иқлим барои таъмини амнияти об ва энергетикаи минтақа махсусан таъкид гардид.