30-юми майи соли 2025, Душанбе. – Дар чорчӯбаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи ташаббуси «Сулҳи кабуд дар Осиёи Марказӣ» («Blue Peace in Central Asia») ба имзо расонида шуд.
Ёддошти ҳусни тафоҳумро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва муовини директори Агентии Шветсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Кристиан Фрутигер даст монанданд.
Санад мазкур ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷонибҳоро дар доираи ташаббуси «Сулҳи кабуд дар Осиёи Марказӣ» тақвият дода, ба рушди идоракунии устувори захираҳои обии минтақавӣ ва ҳамкории байнидавлатӣ равона шудааст.
Инчунин, иқтидори занон ва насли ояндаи олимон, дипломатҳо ва мутахассисони соҳаи об барои тавсеа додани ҳамкориҳо дар соҳаи об рушд дода мешавад.
Ин тадбир барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи захираҳои об ва таъмини рушди устувор аҳамияти хос дорад.













