12-уми июни соли 2025, шаҳри Левакант. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар маросими ифтитоҳи корҳои омӯзишӣ-геофизикӣ дар намуди сейсмоиктишофӣ бо усули 2D-и лоиҳаи “Бохтар”, ки аз ҷониби Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC) амалӣ шуда истодааст, иштирок ва суханронӣ кард.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе Тсзи Шумин, раиси Ассостсиатсияи илмӣ-технологии CNPC ҷаноби Сун, Директори генералии ширкати CNPC дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Любинг, мутахассисон ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Нахуст, иштирокчиён аз дастгоҳу таҷҳизотҳое, ки барои корҳои сейсмоиктишофӣ ва пармакуӣ истифода мешаванд, дидан намуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои об зимни суханронии худ ҳозиринро ба муносибати оғоз гардидани корҳои омӯзишӣ-геофизикӣ дар минтақаҳои ҷанубу ғарби Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, аз ҷумла иброз дошт: “Ин раванд на танҳо оғози кор дар самти нафту газ мебошад, балки як марҳилаи нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиии кишварамонро низ фаро мегирад. Аз соли 2024 инҷониб, дар доираи лоиҳаи “Бохтар”, CNPC корҳои геологию геофизикиро дар ҷанубу ғарби кишвар оғоз намудааст. Дар соли гузашта, корҳои магнито ва гравииктишофӣ дар масоҳати 15 400 километри мураббаъ ба маблағи умумии 7,4 миллион доллари ИМА бо муваффақият анҷом дода шуданд.Дар асоси натиҷаҳои бадастомада, ҳоло мо дар маросими оғоз намудани марҳилаи нави корҳои сейсмоиктишофӣ бо усули 2D қарор дорем, ки дар масоҳати 1017 километр амалӣ хоҳанд шуд”.
Таъкид гардид, ки корҳои сейсмоиктишофӣ бо усули 2D имкон медиҳад, то нуқтаҳои пармакунии ояндадор бо асоснокии илмӣ муайян гардад.
Изҳори итминон карда шуд, ки таҷриба ва малакаи мутахассисони баландпояи CNPC бо истифода аз технологияҳои пешрафта ва ҳамкории пайгирона натиҷаҳои назаррас дар татбиқи лоиҳа ба бор меоварад.
Гуфта шуд, ки татбиқи ин лоиҳа ҳамчун рамзи дӯстию ҳамкории самимӣ ва шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба нақши муассир, таърихӣ ва дарозмуддат хоҳад дошт.
Пас аз қисмати ифтитоҳии чорабинӣ дар фазои тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ расман корҳои сейсмоиктишофӣ оғоз гардид.
Сипас, аз Идораи назорат ва идоркунии сафари ширкати CNPC боздид ба амал оварда шуд.


























