ИШТИРОКИ ВАЗИР ДАР ИҶЛОСИЯИ МАХСУСИ ШУРОИ ИҶРОИЯИ ЮНИСЕФ ОИД БА ОБ ВА БЕҲДОШТИ БЕХАТАР ВА УСТУВОР

05-уми сентябри соли 2025 вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк дар ҷаласаи махсуси сатҳи баланд таҳти унвони “Таъмини об ва беҳдошт барои ҳар як кӯдак”, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни раёсат дар Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.  

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат, ба ҳайси Президенти Шӯрои иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), ҷаласаи махсусро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки дастрасӣ ба об ва беҳдошт ҳуқуқи инсон буда, барои саломатӣ ва шаъну шарафи кӯдакон аҳаммияти хоса дорад.

Дар панели итерактивӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки барои Тоҷикистон тағйирёбии иқлим пешгӯии оянда нест, балки воқеияти имрӯз аст. Пиряхҳои кишвари мо, ки то 60 фоизи манбаи обии Осиёи Марказиро дар бар мегиранд, босуръат коҳиш меёбанд. Ин вазъият боис мегардад, ки дар баъзе мавсимҳо мо бо камбуди об рӯ ба рӯ шавем, дар дигар мавсимҳо бошад, бо селу обхезиҳои харобиовар. Ин равандҳо мустақиман ба устувории системаҳои обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена таъсир мерасонанд.

– Мо мушоҳида мекунем, ки баландшавии ҳарорат ба сифати оби нӯшокӣ таъсир расонида, хавфҳои санитариро меафзояд. Ҳодисаҳои шадиди обуҳаво инфрасохтореро хароб месозанд, ки 40-50 сол аст фаъолият дорад. Ва мутаассифона, аввалин шуда аз ин ҳолат осебпазиртарин гурӯҳҳо — аҳолии деҳот ва кӯҳистон зарар мебинанд, ки танҳо тақрибан 22% онҳо бо обтаъминкунии марказонидашуда фаро гирифта шудаанд, – таъкид кард вазир.

Вазир илова намуд, ки якҷоя бо ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳо беш аз 200 мактаб ва даҳҳо муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти замонавии санитарӣ ва шабакаҳои боэътимоди об таъмин карда шуданд. Ин хатари бемориҳоро коҳиш дод ва саломатии кӯдакон ва оилаҳоро беҳтар кард.

Ҷаласаи мазкур чорабинии асосии раёсатии кишвар дар UNICEF ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти пешсафӣ ва авлавиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешбурди Рӯзномаи об ташкил гардида, ҳадафи он, пеш аз ҳама, ҷалби бештари ҷонибҳои ҳавасманд ва шарикон ба мавзуи таъмини об ва беҳдошт, алалхусус пайвастани он ба некӯаҳволии кӯдакон ба ҳисоб меравад.