6-уми сентябри соли 2024, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона бахшида ба Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об Ҷамшед Шоимзода ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ, ки тантанаи адолати таърихӣ ва нишонаи сарбаландии халқи тоҷик мебошад, самимона шодбош гуфта, иброз дошт: “Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин рӯйдоди таърихӣ, имкон фароҳам кард, ки мардуми мо тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирад”.
Зикр гашт, ки баъд аз ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ хоинони миллати тоҷик бо пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ, кишвари моро ба гирдоби мухолифати шадиди дохилӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.
Даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум ва саҳифаҳои таърихи навини кишвар фаромӯш намешавад. Бузургтарин фоҷиа дар он рӯзҳо, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва эҳтимоли пароканда гардидани миллати тоҷик буд. Дар чунин шароити ниҳоят душвор ва фоҷиабор, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат интихоб гардиданд. Бо ҷасорату матонат, хирадмандӣ ва хидматҳои мондагори Пешвои миллат оташи ҷанг хомӯш карда шуд, хунрезӣ қатъ гардид, сулҳу оромӣ барқарор ва заминаҳои пойдории давлатдорӣ таҳким ёфтанд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид, ки он ҳамчун санади таърихӣ кишварро аз вартаи нестшавӣ раҳо кард.
Махсусан таъкид гашт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар соҳаҳо соҳаи энергетика низ рушд кард.
– Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон кишвари ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи чаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардидааст. Мусаллам аст, ки обрӯю нуфуз ва мавқеи устувори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ, дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандонаву ҳусни ҳамҷавории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз эътироф кардааст, ки Пешвои миллати тоҷикон ташаббускори шаш иқдоми бузург мебошанд, ки ҳар яки он барои аҳли башар ҳаётан муҳим ба шумор меравад, – таъкид кард Шоимзода Ҷамшед.
Сипас, муовини вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода ва сардори шуъбаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибӣ Лоиқ Назаршозода баромад намуда, моҳияти Истиқлоли давлатиро барои тақдири миллати тоҷик ва аҳамияти ҳифзу посдории он таъкид карданд.
Дар идома, Шоҳхусрав Аюбзода – сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, дар мавзӯи «Истиқлол ва ҷавонон» суханронӣ карда, нақши насли наврасу ҷавонро дар таҳкими истиқлолият ва пешрафти давлат муҳим арзёбӣ намуд.
Зимни чорабинӣ ба як қатор кормандон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сипосномаҳо тақдим гардиданд.
Дар фароварди чорабинӣ махсусан таъкид гашт, ки дар роҳи иҷрои тадбирҳои созанда ба хотири ободии кишварамон ва болоравии сатҳи зиндагии халқамон бояд ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ ва зираку ҳушёр бошем, Ватани худро мисли модарамон ва баробари ҷонамон дӯст дорем, тамоми кӯшишу ғайрат ва қуввату имконияти худро ба хотири ободии он сафарбар намоем.






























