ИНФРАСОХТОРИ «САБЗ» ВА ЭНЕРГИЯИ «ТОЗА»

14-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Таҳти ин унвон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» чорабинии канорӣ баргузор гардид, ки дар кори он вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Далер Ҷумъа иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар кори чорабинӣ муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Маматкаримов, намояндагони шарикони рушд, сармоягузорон ва коршиносон иштирок доштанд.

Вазир иброз дошт, ки Тоҷикистон, бо дарназардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии худ, ки 527 млрд кВт соат неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва аз назари иқтисодӣ арзон дар як сол мебошад, ба масоили таъмини истиқлоли энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳамияти хоса медиҳад.

– Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар минтақа буда, то имрӯз саҳми назаррас дар таъмини неруи барқ дорад. Ду агрегати ба истифода додашуда, он то ҳол наздики 10 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст. Пас аз пурра ба итмом расидани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори умумии 3 780 МВт дар баробари таъмини амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақши муҳим хоҳад гузошт дар таъмини кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (Афғонистон ва Покистон) бо энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза, – таъкид кард вазир.

Гуфта шуд,ки дар Тоҷикистон дар як сол то 300 рӯзи офтобӣ мебошад. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, иқтидорҳои энергетикии Тоҷикистон танҳо дар қисмати шимолӣ аз ҳисоби энергия офтоб зиёда аз 4 600 МВт ва энергияи бод 580 МВт арзёбӣ гардидаанд ва ба ҳолати имрӯза, ин иқтидорҳо истифода нашудаанд.

Дар чорабинӣ мавзуъҳои бозори энергетикӣ дар Тоҷикистон ва раванди ташаккулёбии он, ҷалби бахши хусусӣ ба соҳаи энергетика, бо таваҷҷуҳ ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили гидроэнергетика, офтоб ва бод, ба роҳ мондани ҳамкорӣ ба усулҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва дигар мавзуъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.