14-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ се протокол ва ду ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Санадҳои мазкур ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои омӯзиш ва бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ равона гардида, татбиқи онҳо дар марҳилаҳои минбаъда ба рушди бахши энергияи “сабз” ва диверсификатсияи манбаъҳои истеҳсоли неруи барқ дар кишвар мусоидат хоҳад намуд.
Ҳуҷҷатҳоро аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазир Сафарзода Манучеҳр ба имзо расонд.
Протоколҳо ва ёддоштҳои тафоҳуми имзошуда:
Протокол дар бораи мувофиқанамоии шартҳо байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Вуҳан Билдинг Материал Индастри (Ҷумҳурии Халқии Хитой) оид ба лоиҳаи сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила.
Протокол дар бораи мувофиқанамоии шартҳо байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Аён Энерҷӣ» (Ҷумҳурии Тоҷикистон) оид ба лоиҳаи сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар ду марҳила.
Протокол дар бораи мувофиқанамоии шартҳо байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Эҷинг Текнолоҷӣ (Ҷумҳурии Халқии Хитой) оид ба лоиҳаи сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Рокс Групп» (кишвари Ветнам) оид ба рушди ҳамкориҳо дар самти омӯзиш ва бунёди неругоҳҳои барқии офтобӣ бо иқтидори то 1000 МВт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Росатом Энергияи Барқароршаванда» (Федератсияи Россия) оид ба омӯзиш ва бунёди неругоҳҳои барқии офтобӣ бо иқтидори то 500 МВт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.






















