16-уми октябри соли 2025, Москва. – Дар ҳошияи VIII Форуми байналмилалии «Ҳафтаи энергетикии Россия» вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Директори генералии ширкати «Т Плюс» Павел Сниккарс мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои энергетика ва таъминоти гармӣ, инчунин имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки ширкати «Т Плюс» яке аз ширкатҳои бузурги соҳаи энергетикаи Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта, дар самтҳои истеҳсол, интиқол ва таъминоти барқ ва гармӣ фаъолият менамояд. Айни ҳол, ширкат тақрибан 6 фоизи неруи барқ ва 8 фоизи гармии истифодашавандаро дар қаламрави Федератсияи Россия таъмин менамояд.













