17-уми октябри соли 2025, Гулистон. – Бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ин унвон Семинари омӯзишӣ бо иштироки намояндагони Вазорат, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, МД «ТоҷикНИИГиМ» ва шарикони рушд баргузор карда шуд.
Ҳадафи асосии баргузории ин семинар баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва дониши ҳуқуқии кормандони соҳа оид ба муҳтавои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ ба ҳисоб меравад.
Дар рафти семинар масъалаҳои марбут ба механизмҳои амалигардонии созишнома, танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ дар истифодаи захираҳои об ва иншооти обию энергетикӣ, инчунин таҷрибаи ҳамкории дуҷониба дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, доир ба мавзуъҳои «Ҳамкории минтакавӣ дар дарёҳои фаромарзӣ», «Асосҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи об», «Қонунгузории соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об» рӯнамоҳо манзур карда шуданд.















