Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, роҳбарияти Агентии назорати давлатии энергетикӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳия Данғара ва ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” аз корҳои сохтмонии навбати дуюми зеристгоҳи барқии 220/35/6 кВ-и “Себистон”, воқеъ дар ноҳияи Данғара, боздид намуданд.
Тибқи иттилоъ, дар доираи иҷрои лоиҳаи мазкур аз ҷониби филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Бохтар насбу васли трансформаторҳои қудратии навъи SFSZ-25 МВА дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ба таъмини устуворӣ ва эътимоднокии интиқоли барқ ба корхонаҳои саноатӣ, инфрасохтори иҷтимоӣ ва аҳолии ноҳияи Данғара мусоидат намуда, дар таҳкими иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ ва татбиқи барномаҳои рушди энергетикии миллӣ нақши муҳим хоҳад бозид.
************
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj













