БАРНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ БАРОИ РОҲҲОИ ҲАЛЛИ УСТУВОР ДАР БАХШИ ГАРМИДИҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

03-юми феврали соли 2026, Душанбе. – Бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ таҳти ин унвон конфронс баргузор гардид.
Дар кори он вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, намояндагони вазорату идораҳо, корхонаҳои энергетикӣ ва шарикони рушд ширкат доштанд.
Вазири энергетика ва захираҳои об дар ифтитоҳи чорабинӣ иброз дошт, ки айни замон дар шаҳри Душанбе ду маркази барқу гармидиҳӣ фаъолият доранд ва мақсад аз истифодабарии онҳо бо энергияи гармӣ таъмин намудани хоҷагии халқи пойтахти кишвар ва ба ин васила кам кардани талабот ба неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон ба ҳисоб меравад.
Гуфта шуд, ки ҳадаф аз ин чорабинӣ баррасии истифодаи самараноки гармӣ дар шаҳри Душанбе ва имкони истифодаи механизмҳои бо гармӣ таъмин намудани дигар шаҳрҳои кишвар ва ба ин васила паст намудани талабот ба неруи барқ ва аз сарборӣ озод намудани шабакаҳо муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар ҷараёни конфронс иштирокчиён роҳҳои татбиқи механизмҳои муосири гармидиҳӣ дар шаҳрҳои дигари ҷумҳурӣ, имкони гузариш ба манбаъҳои самаранок ва устувори гармидиҳӣ, ҳамчунин таъсири он ба коҳиши сарбории шабакаҳои барқӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷударо муҳокима намуданд.
********
Саҳифаҳои расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mewr.tj
Мо дар Телеграм: t.me/mewrtj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mewr.tj