🇹🇯🇰🇿 7-уми апрели соли 2026, шаҳри Остона (Қазоқистон). – Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Сунгат Есимханов мулоқоти анҷом дод.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, густариши ҳамкорӣ дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки соҳавӣ, инчунин мубодилаи таҷриба дар самти истифодаи самаранок ва устувори захираҳои энергетикӣ муҳокима гардид.
Таъкид гашт, ки таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳо метавонад ба баланд бардоштани сатҳи амнияти энергетикӣ дар минтақа, таъмини устувории низомҳои энергетикӣ ва рушди иқтисоди миллии ҳар ду кишвар мусоидат намояд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор доштанд.













