8-уми апрели соли 2026, Душанбе. – Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва молиявии ҷамъият дар семоҳаи якуми соли 2026 доир гардид.
Дар кори ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Бобозода, директори генералии ҷамъият Мирзо Маҳмудзода, намояндагони мақомоти соҳавӣ, роҳбарони филиалҳо ва кормандони масъули ҷамъият ширкат доштанд.
Тибқи рӯзнома, муовини директори генералии ҷамъият ва дигар шахсони масъул оид ба нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва молиявии ҷамъият ҳисобот доданд.
Дар ҷаласа, вазири энергетика ва захираҳои об ба масъалаҳои муҳими соҳавӣ таваҷҷуҳи зоҳир намуда, вобаста ба кам намудани сарбории зеристгоҳҳои барқӣ, таъмин намудани фаъолияти устувори онҳо, паст кардани сатҳи талафоти неруи барқ ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумал лоиҳаҳои «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ» ва «Таҷдиди шабакаи интиқоли барқи Суғд/ Васеъсозии шабакаи интиқоли барқи Суғд» ба роҳбарият ва кормандони ҷамъият дастурҳои мушаххас дод.






















